ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ин даъвати комиссияи олиро ба хабарнигори "Ховар" тавзеҳ додааст.
Мавсуф оид ба ин даъват зикр намуд, ки ҳар инсон- хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон, мард ё зан, вақте даст бардошта, ба Парвардигораш муноҷот, наҷвову дуо мегӯяд, як қувваи маънавие дар ботинаш ба вуҷуд меояд, ки ман кореро анҷом додам, бо Парвардигорам розу ниёз гуфтам ва Парвардигори ман ҳозир ба ҳама кор ҳаст.
Хусусан дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи иҷобати дуо, моҳи покшавӣ аз гуноҳ ва даҳаи мағфират аст, бояд ин фурсатро ғанимат бидонем.
"Ҳамон лаҳзае, ки эълон карданд, ҳатман мо ба умеди Парвардигор бо як қалбҳои ғамгин, ки хеле дар як вазъияти ногувор қарор дорем, бо қалбҳои ботавозуъ ва мутазарриъона, бо зораву гиря ба Парвардигор даст бардорем, то ки ин офатро аз сари мо бардорад", — мегӯяд муфтӣ.
Ба зикри Саидмукаррам Абдуқодирзода, "ҳамаи ин пастиву баландиҳои зиндагӣ ба хотири имтиҳон гирифтани бандагон аст. Мо бояд ҳамчун мусалмони боимону боақида, ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифат барои оромиву ободӣ, пешравии давлату миллати худ ва барои саодати миллат ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, бояд дар ин ҳолат анҷом дода, ҳеҷ чизро дареғ надорем ва ҳаргиз ноумед низ набошем".
Модоме, ки ин даъват барои дуо, барои бартараф шудани ин балову вабо, офату зарару хатар шудааст, мо ҳама мардуми мусалмон, хусусан ходимони дин инро бо ҷону дил қабул дорем ва ҳар кадоме дар муҳити худ бо шароиту имконияти худ, бо дарназардошти вазъияти худ ҳатмӣ дар он шарик шуда, дуо мекунем.
Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"
То Худованд ин зарару балоро аз сари инсоният бардорад. Тавре ҳакиме гуфтааст: "Дуо балоҳоро бартараф мекунад". Пайғамбар (а.с) мегӯяд, ки "ин дуо мағзи ибодат аст ва ин дуо бартарафкунандаи тамоми офату зиёну зарар аст".