Пас аз ҷорӣ шудани қарантина дар Русия, раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин ба низоми фосилавии корӣ гузашт.
Бино ба гузориши сухангӯи президент Дмитрий Песков, кишвардор имрӯз бо аъзои ҳукумат вазъияти кунунии ҳамагириро баррасӣ мекунад.
Аз ҷумла президент гузориш аз натиҷаи қарантинаро дар ҳудуди Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Маскав, хоҳад шунид.
Интизор иеравад, ки имрӯз масъалаи тамдиди қарантина низ баррасӣ шавад.
Пештар Дмитрий Песков гуфта буд, ки Русия марҳила ба марҳила аз қарантина хоҳад баромад.
Дар ҳудуди Федератсияи Русия, то рӯзи 11 май дар бадани 221 ҳазор кас коронавируси навъи COVID -19 ба қайд гирифта шудааст.