Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин гуфт, рӯзҳои истироҳат тамом шуд, вале мубориза бо COVID - 19 не

Рӯзҳои таътил дар Федератсияи Русия дар робита ба паҳншавии коронавирус шаш ҳафта идома кард, гуфт Владимир Путин
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди Федератсияи Русия ба охир расид.

Путин қайд кард, ки дар умум рӯзҳои таътил дар Федератсияи Русия дар робита ба паҳншавии коронавирус шаш ҳафта идома кард.

Путин: бояд ба ҳар гуна рушди сенарияи коронавирус омода шуд

"Аз 12 май рӯзҳои истироҳат дар сартосари кишвар ва барои ҳамаи соҳаҳои иқтисод ба итмом мерасад. Вале, мубориза бо эпидемия анҷом намеёбад. Хатари он ҳатто дар манотиқе, ки вазъият хубтар аст, боқӣ мемонад", - гуфт Путин.

Путин ҳамчунин қайд кард, ки Русия ба марҳилаи сабуктар кардани маҳдудиятҳо расид.

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки баромадан аз қарантина ба зудӣ анҷом нахоҳад ёфт.

Владимир Путин афзуд, ки дар роҳи баромадан аз қарантина муҳимтарин чиз - ҳаёт, саломатӣ ва амнияти одамон аст. Ӯ қайд кард, ки маҳдудиятҳо бояд дар паи риояи қоидаҳои амниятӣ бардошта шавад.

"Шумо мавқеъи маро медонед, он бетағйир аст. Барои мо муҳимтарин чиз - ин зиндагӣ, саломатӣ ва амнияти мардум аст", - қайд кард ӯ дар ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои ҳукумат.

Ёдрас мешавем, ки президенти Русия, Владимир Путин рӯзи душанбе дар робита бо паҳншавии коронавирус дар кишвар, бо аъзои ҳукумат ҷаласаи онлайн баргузор кард.