ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Додситонии кул аз Исмоил Таҷалови 54-сола ном бурдаст, ки дар дорухонаи “Шифои Сино”, доруи зиддивирусии “Арбидол”-ро, ки нархи як адади он 45-57 сомонӣ муқаррар шудааст, ба харидори шартӣ ба ивази 250 сомонӣ фурӯхтааст.
Манбаъ афзуд, ки Саидов Абдурофеъ, сокини 36-солаи Душанбе низ берун аз дорухонаи худ дар мошинаш “Тойота-Кемрӣ”, 100 адад ниқобҳои тиббии махсус, 50 адад дорувории "Левофлаксатсин", 5 адад доруи “Арбидол”, 5 адад доруи “Азитромитсин”, 5 адад доруии “Эргоферон”-ро ба маротиб зиёд нархгузорӣ намуда, ба фурӯш гузоштааст.
Инчунин аз Ёқубова Гулғунча ном бурда шудааст, ки дар “Тойота-Кемри”-яш ба шаҳрвандон молҳои тиббии махсус, аз қабили 33 қӯтии дастпушакҳо бо нархи 180 сомонӣ барои як қӯтӣ, либоси махсуси тиббӣ (скафандр) 55 дона бо нархи 120 сомонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ 80 дона ба маблағи 30 сомонӣ бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардаааст.
Манбаъ афзуд, ки афроди мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маҳсулоти доруворӣ барои муолиҷаи беморон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супорида шуд.
Ҷавобгарии маъмурии нафарони зикршуда дар ҳолест, ки додситонӣ инчунин хабар додааст, ки алайҳи сокини дигари Душанбе барои қимат фурӯхтани 10 дона “Арбидол” парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
“Шаҳрванд Исмоилов Сафарбек, соли таваллудаш 1989, оиладор, соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёна, сокини шаҳри Душанбе, дар дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад бинои 9, ба фурӯши доруворӣ машғул шуда, ба шаҳрвандон 10 қуттии доруи навъи "Арбидол" ҳар кадомаш ба маблағи 185-сомонӣ, аз нархи муайяншуда қиматтар фурӯхта, фоида ба даст овардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кардааст, ки нисбати Исмоилов Сафарбек, бо моддаи 294 қисми 2 банди “б”-и КҶ Тоҷикистон, барои фиреби истеъмолкунандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Назари муттаҳамон феълан дар бораи иттиҳоми эълонкардаи додситонӣ маълум нест.