Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Таъсири COVID -19 ба Тоҷикистон: арзиши газу бензин поин шуду қиммати орд боло

Хуруҷи бемории коронавирус ё COVID -19, ки гаштугузори сокинон ва мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистонро ба маротиб кам намудааст, ин ҳол ба коҳишёбии арзиши маводи сухт дар таъмингоҳҳои сӯзишвории нақлиёт бе таъсир намондааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Ҳоло мушоҳида мешавад, ки қиммати 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии кишвар то ба 33 % поён рафта ба 2, 6 сомонӣ расидааст.

Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

Арзиши ин навъ маводи сӯзишворӣ дар ду ҳафтаи пеш 3, 6 - 3, 7 рақам зада мешуд. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон сабаби ба чунин андоза поён рафтани арзиши сузишвории нақлиётро ба маҳзи хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар арзёбӣ мекунанд.

Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров гуфт, баъди расман эътироф шудани сабти бемории вируси корона дар кишвар, шумори гаштугузори мошинҳо ҳам дар роҳҳо аз аввали моҳи май ба ин тараф хеле кам ба назар мерасад.

Истеҳсоли орд бештар мешавад: таҷдиди бузургтарин корхонаи ордбарории Душанбе

"Вақте мошинҳо гашту гузор накунанд, кадом ронанда барои хариддории газу бензин ба нуқтаҳои фурӯши газу бензин меояд? Аз ҳамин хотир ҳоло талабот ба хариди сӯзишворӣ хеле кам шудааст. Вақте талабот, ки кам шуд табиист, ки арзиши молу маҳсулот дар бозор поён меравад. Аз ин хотир мо ҳам қиммати сӯзишвориро паст кардем то шумори хариддорон зиёд шавад", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Комил аз шумори ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе мегуяд, се сол боз зиндагиашро аз ҳисоби ҳамин шуғл таъмин мекунад. Вай афзуд, ҳамарӯза барои он, ки мусофиронро ба ҷое расонад, балони гази мошинашро бо 50 сомонӣ пур мекард.

Аммо, ҳоло аз ин, ки шумори мусофирону сокинон дар кӯчаҳо кам шудааст, ӯ ҳам ба қавле ба "рухсатӣ" баромада машғули кору бори хона аст.

"Бо сабаби хуруҷи вируси корона қариб, ки гаштугузори сокинон дар кӯчаҳои шаҳр дида намешавад. Дар ин ҳол ба кор баромадани мо ҳам зарурат надорад чун, ки талабот ба таксӣ кам шуд. Аз ин хотир машғули кору бори хона ҳастам", - зикр кард ӯ.

Ҳоло аксари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ба гуфтаи ронандаҳо ё соҳибони автомобилҳо ин ба вазъи иқтисодии онҳо бастагӣ дошта, чунин навъи маводи сухт назар ба бензин арзонтар будааст. Кишвари Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизелро аз хориҷа, умдатан аз кишвари Русия ворид мекунад.

Қазоқистон ба Тоҷикистон 5000 тонна орд медиҳад: кумаки башардӯстона

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук бештар аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ворид шудааст. Аммо поинравии нархи сӯзишворӣ дар замони хуруҷи COVID -19 дар дар манотиқи кишвар дар ҳолест, ки қиммати маводи ғизоӣ баръакс тамоюли рӯ ба болоравӣ дорад.

Бар пояи иттилои хариддорони бозорҳо, арзиши як халта орди 50 килоӣ назар ба 170 сомонии як моҳи пеш ҳоло ба 230 сомонӣ дакка хурдааст. Дар ҳоле, ки коркарди ин навъи маҳсулоти ғизоӣ дар худи кишвар имконпазир аст ва мақомот дар бораи захираҳои кофии он ҳарф мезананд.