Омори нав: дар муноқишаи марзӣ 4 нафар захм бардоштанд, се низомӣ ва як сокини маҳаллӣ

Ахиран шумори умумии нафарони ҷароҳатбардошта дар муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизисмтон дақиқи шуд
Sputnik

Омори нави захмиёни муноқишаи марзӣ дар ҷаласаи Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфта шуд.

Ҷароҳати 2 тоҷик: даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи ҷонибҳо
Ба иттилои манбаъ, дар муноқишаи ахири марзӣ, дасти кам 4 нафар, се низомӣ ва як сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд. Алъон се нафар аз ҷабридидаҳо дар бемористон қарор дошта, як нафари дигар бинобар хуб будани вазъи саломатияш аз дармонгоҳ мураххас шудааст.

Зимнан, вазъи саломатии ду нафар мӯътадил буда, пизишкон вазъияти як нафарро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: қирғизҳо мегӯянд оташро тоҷикҳо кушоданд

Қаблан сухангӯи шаҳри Исфараи вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар пайи даргириҳои рӯзи 8 - уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сухангӯи шаҳри Исфара, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон

Сухангӯи шаҳри Исфара мегӯяд, дар давоми муноқиша марзбонони қирғиз низ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд ва дар посух ба онҳо марзбонони тоҷик низ вориди амал шуданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози тирпарронӣ айбдор карданд.

 

 

Read more: https://sputnik-tj.com/defense_safety/20200508/1031207295/jarohati-du-shahrvandi-Tojikiston-dar-payi-tirparroni-dar-marz-bo-iriziston.html