ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:30 дақиқаи имрӯз - 6 майи соли равон дар кишвар теъдоди гирифторон ба маризии “вируси корона” ё COVID-19 ба 379 маврид ва теъдоди фавтидагон аз он ба 8 нафар расидааст.
“То имрӯз - 6 май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Рӯзи гузашта теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 293 нафар расида буд.
Расман нахустин 15 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел тасдиқ гардида, тайи як ҳафта шумори гирифторон ба 400 нафар наздик шуд.