Боздошти зану шавҳар барои фурӯши духтарчаи сесолаашон: 3000 доллар нарх кардаанд

Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зану шавҳар ва як нафари наздик ба онҳо  хабар медиҳад, ки дар фурӯши духтари сесолаашон муттаҳам мешаванд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, Сафина Абдуллоеваи 22 сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо шавҳараш Тоҷиддин Даминови 30 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ ва писарамакаш Абдулҳамид Сафарови 41 сола, барои фурӯши духтарчаашон муттаҳам мешаванд.

Ғуломӣ ба ҷои кор: боздошти зани 48 сола гумонбар дар хариду фурӯши духтарон дар Дубай

Ба иттилои манбаъ, Сафина Абдуллоева  бо ҳамзисташ Тоҷиддин Даминов бо мақсади ба даст овардани маблағ фарзанди сесолаи худро ба фурӯш гузоштаанд.

Манбаъ мегӯяд, харидорро, ки бо кормандони милитсия дар робита буд тавассути Абдулҳамид Сафаров пайдо кардаан.

Дар натиҷа гумонбарон духтарчааро ба харидори шартӣ ба маблағи 2500 доллар нархгузорӣ мекунанд, ки ҳангоми додугирифт боздошт гардиданд.

Сафина Абдуллоева,  модари кӯдак дар суҳбати видеоӣ мегӯяд шавҳараш омаду гуфт, ки дурхтарашро 1200 доллар нарх кардаанд ва писарамакаш барои харид одам ёфтааст, пасон фаҳмидааст, ки 2 ҳазору 500 долар будааст.

Ба гуфти Абдулҳамид Сафаров барои фурӯши кӯдак ба ӯ амакбаччааш Тоҷиддин Даминови муроҷиат кардааст ва ӯ ҳамроҳи ҳамсараш харидор пайдо карданд.

Ба гуфти Сафаров, кӯдакро бо харидор 3 ҳазор доллар маслиҳал кардаанд ва ӯ розӣ шудааст, ки дуюним ҳазорашро ҳоло ва боқимондаро моҳи май медиҳад.

 “Барои Тоҷиддин якуним ҳазор доллар дод, ӯ саддоларӣ ба ману Ҷамила дод ва баъди чанд метир рафтан моро боздошт карданд.