Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Беш аз ҳазор дардманди коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфт

Ҳамаи шифоёфтагон ба ин маризӣ дар кишварҳои хориҷ мубтало шуда, ҳини ба Ӯзбекистон ворид шудан ба қарантин фаро гирифта шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи умумии одамоне, ки аз коронавирус шифо меёбанд ба 1500 нафар баробар шудааст, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1862 нафар расид
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи шифоёфтагон ба ин маризӣ берун аз қаламрави Ӯзбекистон мубтало гардида буданд ва ҳинни ба ватан баргаштан ташхиси онҳо мусбат баромад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари Бозрасии давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков изҳор дошт, ки сатҳи барқароршавӣ аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ 32 дарсадро ташкил медиҳад.

Кӯмаки Чин ба Ӯзбекистон: пизишкони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тошканд расиданд

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Ӯзбекистон теъдоди маризони коронавирус ба 1095 нафар баробар аст.

Бори нахуст ин маризиро ҷавонзани ӯзбек аснои аз Фаронса озими ватан шудан, интиқол дода буд. Зимнан, вуҷуди ин маризиро дар ячанд аъъзои хнаводаи ҷавонҳан а нафарони боӯ тамос дошта, ошкор намуданд. 

Дар Ӯзбекистон сар аз 6 - уми апрел дар сартосари кишвар режими хонашинӣ ҷорӣ намуданд ва он то 10 - уми май идома хоҳад ёфт.