Тоқаев ҳолати изтирорӣ дар кишварро то 11 май тамдид кард

Раисҷумҳури Қазоқистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус, ҳолати изтирорӣ дар ин кишварро то санаи 11 май тамдид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Қосим-Жомарт Тоқаев, ахиран дар як баёнияи худ дар бораи вазъияти паҳншавии коронавирус дар Қазоқистон таъкид дошт, ки мизони ибтило ба ин вирус дар ин кишвар ҳанӯз ба авҷи худ нарсидааст, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Узрхоҳии як шабакаи телевизионии Қазоқистон аз мардуми тоҷик

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, таҳдиди ин беморӣ ҳанӯз побарҷост ва вазъ имкон дорад аз таҳти назорат хориҷ шавад.  

Ба гуфтаи раисҷумҳури Қазоқистон, дар бархе манотиқи ин кишвар бахусус дар шаҳри Алма-Ато шумораи зиёде аз кодри дармонӣ ба коронавирус мубтало шудаанд ва баррасии иллати ин масъала ва ҷилавгирӣ аз чунин вазъият дар оянда зарурӣ аст.

Тоқаев ёдрас шуд, ки давлат дар ҳоли анҷоми иқдомоте барои тазмини саломатии персонали пизишкӣ аст. 

Раисҷумҳурии Қазоқистон ҳамзамон афзуд, бархе маҳдудиятҳо ба таври тадриҷӣ коҳиш меёбад ва аз аввали моҳи май иртиботи ҳавоӣ  байни шаҳрҳои Нурсултон ва Алма-Ато аз сар гирифта хоҳад шуд.