ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои таътилро дар робита ба паҳншавии густурдаи коронавирус дар кишвар тамдид кард.
Бино ба қарори Владимир Путин рӯзҳои таътил то 11 май тамдид карда мешаванд.
Президент қайд кард, ки рӯзҳои 6,7 ва 8 май низ дар Русия рӯзҳои истироҳат хоҳад буд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт оғоз аз 12 май кишвар марҳила ба марҳила аз карантин хоҳад баромад.
"Хатар дар ҳамаи минтақаҳо яквақт гум намешавад. Ва намешавад, дар ҳамаи минтақаҳо карантинро манъ кард. Аз 12 май марҳила ба марҳила карантин манъ мешавад", - гуфт Владимир Путин зимни ҷаласаи васеъ бо губернаторҳо.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Русия беш аз 93,5 ҳазор кас мубталои коронавирус шудааст. Пизишкон тавонистанд 8,5 ҳазор беморро шифо бахшида, 867 кас ҷон бохтааст.