ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии Ӯзбекистон омори вазъи демографӣ дар кишвар, аз ҷумла муҳоҷиратро нашр кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли 2020 ба кишвар 490 шаҳрванди хориҷӣ кӯчиданд.
Аз ин шумора, тақрибан, се дар якаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Яъне 140 тоҷикистонӣ кишваро ба қасди Ӯзбекистон тарк карданд.
Аммо шумораи ӯзбекистониёне, ки барои зиндагӣ Тоҷикистонро интихоб кардаанд, ҳамагӣ 15 нафарро ташкил медодааст.
Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирони "сироятшуда" бояд ба куҷо муроҷиат кунанд
Дар ҳамин ҳол, қазоқистониҳо пешсафанд, ки шумораи онҳо 167 нафарро ташкил додааст.
Дар бештари ҳолатҳо муҳоҷирон ё Тошканд ва ё вилояти Тошкандро интихоб мекунанд.
Аз Ӯзбекистон бошад бисёртар ба Қазоқистон ва Русия ҳиҷрат мекарданд.