Туркманистон дар моҳи Рамазон дари масҷидҳоро ба рӯйи намозгузорон набаст

Туркманистон дар пасманзари хатари бурузи маризии сироятии коронавирус дар моҳи шарифи Рамазон дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон набаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Туркманистон новобаста аз даҳшати коронавирус дар ҷаҳон, дари масоҷидро боз монд ва мусалмононро дар моҳи шарифи Рамазон аз намоз гузоштан дар ибодатгоҳҳо маҳрум накард.

Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"
Ба изҳори намозгузорон онҳо имкони панҷ маротиба озими масҷид шудан ва намоз гузоштанро доранд. Ҳамчунин намози "таровеҳ" низ бо иштироки теъдоди зиёди намозгузорон баргузор мешавад.

Дар рӯзи нахустини ин моҳи муборак, раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгули Бердимуҳаммедов худ озими масҷид шуд ва дар иҳотаи намозгузорон ибодатро ба ҷо овард.

Духтари Трампро барои пӯшидани ҳиҷоб дар масҷид сарзаниш карданд

Гуфта мешавад, дар он рӯз теъдоди намозгузорон аз сад нафар низ бештар буд.

Қобили зикр аст, ки Туркманистон ва Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ, аз маризии сироятии коронавирус дар амон монданд. Аммо Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ, тасмим гирифт дари масҷидҳоро барои намозгузорон ба муддати номуайян маҳкам кунад.

Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 24 - уми апрел шурӯъ шуд.