Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорат дар бораи хуруҷи беморӣ, фавтҳо ва ибтилои табибон: Тоҷикистон аз ҷаҳон ҷудо нест

Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди беморони бистаришуда дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский” ва шумори фавтидагону беморони вазнин дар ин муассисаро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати тандурустӣ имрӯз бо нашри як матлаб аз сарсупурдагии табибони тоҷик тавсиф карда, иттилоъ додааст, ки беш аз 136 табиб бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар беморхонаи “Якум Советский” бистарӣ шудаанд.

Дастрасии ройгон ба китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Вазорати тандурустӣ бо такя ба омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт иттилоъ додааст, ки дар мубориза бо Covid-19 дар саросари ҷаҳон кормандони соҳаи тиб сирояти бештар ёфтаанду талафоти зиёдтар доштаанд.

Манбаъ афзуд, то имрӯз дар беш аз дусад давлати ҷаҳон беш аз се миллион сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаву аз ин миён 200 000 нафар фавтидаанд, ки сеяки ин шумораи умумиро табибон ташкил медиҳанд.

“Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳолати мавҷуда дар канор нест.  Тавре маълум вақтҳои охир бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  дар кишвар авҷ гирифта истодааст. Вобаста ба ҳолати пешомада аз ҷониби Вазорат ба кулли кормандони тиб дастур дода шудааст, ки ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (БШРН) ва зуком пурра таҳти назорат (карантин) қарор дода шуда, зимни дарёфти ҳолатҳои илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас фавран ба табобати зиддивирусию зиддибактериявӣ фаро гирифта шаванд”, - омадааст дар матлаб.

Мудири беморхона: 11 нафар талаф ёфта, 8 нафар дар шуъбаи эҳёянд

Вазорати тандурустӣ имрӯз аз қавли директори Беморхонаи шаҳрии № 1, мавсум ба “1 Советский”, Хуршед Рустамзода иттилоъ дод, ки  “то имрӯз муассисаи тиббии мазкур 319 нафарро ба гумони мубталоӣ ба сирояти бемории илтиҳоби шуш қабул намудааст, ки 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд.

“Дирӯз 107 нафар пас аз табобати пурра ба ҳаёти рӯзмарраву осоиштаи худ баргаштанд ва боз 30 нафари дигар ба рухсатёбӣ омодагӣ мегиранд. Боиси таассуф аст, ки  дар ин гирудор 11 нафар талаф ёфтаву айни ҳол 8 нафар беморон дар шуъбаи эҳё қарор доранд”, - афзудааст Хуршед Рустамзода.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест ворид шудааст, ки 23 ҳазорашро аз Русия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Олмон овардаанд. Ба иттилои Вазорат, то имрӯз дар ин озмоишгоҳ 4100 адад тест мавриди истифода қарор дода шуда, 800-тои он такроран анҷом дода шудааст.

Узрхоҳии як шабакаи телевизионии Қазоқистон аз мардуми тоҷик

Ба қавли муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Мирҳамуддин Камолзода, зимни хулосабарорӣ ва ё натиҷагирӣ барои гузоштани ташхиси бемор аз ҷониби табибон илова ба таҳлили лабораторӣ барои дарёфти сирояти коронавирус, инчунин бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмонияро доранд. Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам ба инобат гирифта мешавад.

Ба гуфтаи Камолзода, ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд.