Навори таърихӣ : пас аз таркиши Чернобил чӣ гузашт - видео

26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки таърихи энергетика бесобиқа мебошад
Sputnik

Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. 

Чернобил: нигоҳ аз осмон ба шабаҳшаҳр

Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.

Чернобил: соатҳои аввал баъд аз садама дар акс

Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.

Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.

Чернобил: нигоҳ аз осмон ба шабаҳшаҳр

Ёдрас мешавем, ки барои бартараф намудани оқибатҳои таркиш дар Чернобил беш аз 600 ҳазор нафар аз тамоми кишварҳои собиw Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб карда шуда буд.

Sputnik Тоҷикистон наворҳои таърихиеро, ки дар соатҳои аввал баъд аз садама сабт шудааст пешкаши тамошобинон мекунад.