ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн баргузор гардид.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар он мудири Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода ва мутахассисони соҳа иштирок намудаанд.
Дар анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии кишварҳои ИДМ иштирок ва ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ аввалин маротиба соли 1996 дар шаҳри Маскав ва ҳамзамон соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ анҷумани мазкур дар шаҳри Қазон доир мегардид. Аммо, бо назардошти вазъи сирояти коронавирус тасмим гирифта шуд, ки он тариқи онлайн доир гардад.
Маврид ба зикр аст, ки мутахассисони тоҷик бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ин анҷуман ба тариқи онлайн баромад намуда, масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ ва радиологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.