ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Нависандаи бузург, яке аз пояҳои бинои устувори адаби порсӣ аст, ки бо ашъори дилпазири худ, ҷилваи вижа ба осмони зебои адабиёт додааст. Шеъри ӯ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба маҳбубияти оламгири ин шоири порсигӯ, хотирнишон сохт.
“Имрӯз теъдоди зиёде аз мардуми ҷаҳон ба мероси ин шоири сухангустар ва омӯзгори ахлоқ бо дидаи эҳтиром менигаранд ва бо осор ӯ зиндагӣ мекунанд”,-гуфт сафир.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи урдибиҳшт (баробар ба 21 апрели соли милодӣ) ҳар сол Рӯзи бузургдошти шеъри тоҷикӣ-форсӣ Шайх Саъдии Шерозист.
Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст.