Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи коронавирус дар се кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон хабар дод

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3 549 нафар ва дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд ба 49 803 кас расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бино бар иттилоъ Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумораи умумии шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣ ба 633 нафар ва фавтидагон ба 26 кас расид. Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад шумори шифоёфтагон ба 5 017 нафар расида, шумори нафароне, ки аз ин вирус фатиданд ба 556 нафар расидааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ҳолати 18 апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои ИДМ низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 1 593, 1450 ва 506 нафарро ташкил медиҳад.

Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Дар дигар кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла дар Русия 32 ҳазору 8 ҳолат, Беларус – 4 779, Украина – 4 662, Молдова – 2 264, Озарбойҷон – 1340 ва Арманистон – 1201 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамаи ин кишварҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Русия 2 590 нафар, Озарбойҷон – 528, Арманистон  – 402, Қазоқистон – 347, Беларус – 342, Молдова – 276, Украина — 246, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Русия 273 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Украина – 125, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 19, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

То имрӯз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шумораи мубталоён ба коронавирус 906 нафар расида, 99 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи иттилои СҶБ дар ҳоли ҳозир, дар ҷаҳон беш аз 2,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 154 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 574 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва зиёда аз 57 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.