ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаваҳонии беҳдошт дар Ӯзбекистн сафи дардмандони COVID-19 ба 1380 нафар баробар шудаасат.
Манбаъ ҳамзамон аз фавти 4 кас ва шифо ёфтани 129 нафар дар ин кишвар гузориш медиҳад.
СҶБ шумораи дардмандони ин маризӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , аз ҷумла дар Россия 27 938 ҳолат, Беларус – 4204, Украина — 4 161, Молдова – 2 154, Қазоқистон – 1 470, Озарбойҷон – 1 283, Арманистон – 1 159 ва Қирғизистон 489 ҳолат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин то имрӯз дар Россия 2 304 нафар, Озарбойҷон – 460, Арманистон – 358, Қазоқистон – 285, Молдова – 235, Беларус – 203, Украина — 186, Ӯзбекистон – 129 ва Қирғизистон – 112 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 840 нафар буда, 54 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 30 тани дигар вафот кардаанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 678 ҳазору 144 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 34 ҳазору 341 нафар ва шумораи шифоёфтагон 57 ҳазору 844 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 184 ҳазору 948 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 289 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 19 ҳазору 315 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 74 ҳазору 797 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 168 ҳазору 941 нафар ва теъдоди фавтидагон 22 ҳазору 170 нафар мебошад. Дар Франсия 165 ҳазору 67 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 920 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 137 ҳазору 698 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 052 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 103 ҳазору 93 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 13 ҳазору 729 нафар мебошад.
Алайҳи коронавирус: Қаҳрамонии бокси Осиё дар Ҳиндустон баргузор мешавад
Дар Чин 82 ҳазору 692 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз 351 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 4 632 нафар вафот кардаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 77 ҳазору 995 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 869 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 74 ҳазору 193 нафар ва дар Белгия – 34 809 нафар мебошад.