ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он Шариф Раҳимзода директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.
Раҳимзода дар ин мақом Саидмуродов Лютфиллоиро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор гардидааст.
Шариф Раҳимзодаи 61-сола, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои 1981-1989 фаъолияти дар факултаи молиявию иқтисодии донишгоҳ омӯзгор будааст.
Сипас дар низоми бонкӣ ва ба ҳайси сафир дар кишварҳои аврупоӣ кор карда, солҳои 2006-2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест
Солҳои 2008-2012 дар мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Бо фармони раисиҷумҳур аз моҳи январи соли 2012 вазири рушди иқтисоду савдо буда, соли 2015-ум ба ҳайси вакили ҲХДТ вориди парлумон гардида, то охири даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон кор кард.