Путин барои пардохти маоши кормандон ба бахши хусусӣ кумак пешниҳод кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ барои дастгирии бахши соҳибкорӣ ва иқтисодро пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Путин дастур дод, ки дар пасманзари зуҳури пандемияи коронавирус ширкатҳоеро, ки ба фурӯши чаканаи маводи ғайриғизоӣ машғуланд, ба феҳрасти нисбатан зиёндидаҳо шомил шаванд.

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Путин: сарони Тоҷикистону Русия чи гуфтанд?

Инчунин пешниҳод шуд, ки аз ҷониби давлат ба бахши соҳибкории  хурду миёна дар сурати ҳифзи 90 дарсади ҷойҳои корӣ сари ҳар корманд ба андозаи музди ҳадди ақали  меҳнат ҳармоҳа пардохта шавад.

Ҳукумат бояд чораандешӣ кунад, то дархостҳо барои гирифтани ин кумак давоми моҳ, сар аз 1 май имконпазир шавад. Ин низом бояд содаю фаҳмо бошад”, - изҳор дошт Путин.

Вазир дар бораи карантини сартосарӣ, нестшавии коронавирус дар гармӣ ва ниқобҳо

Ӯ таъкид кард, ки кумаки давлат ба бахши хусусӣ барои моҳи апрел бояд сар аз 18 май ба суратҳисоби ширкатҳо гузаронда шавад ва мувофиқан кумакҳои моҳи май дар июн гузаронда мешаванд.

Вазорати меҳнат баҳри дастгирӣ аз муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард

Таҳияи феҳрасти ширкатҳои низомсоз ва пешниҳоди маблағҳои иловагӣ барои дастгирии онҳо аз бахши дигари дастуроти Путин ба Ҳукумат буд.

Супориш дода шуд, ки 200 миллиард рубл барои дастгирии буҷаҳои минтақавӣ равона карда шавад.

Барои дастгирии бахши ҳавонавардӣ, ки дар пасманзари марзбандиҳою маҳдудсозии парвозҳо зиён дидааст, 23 миллиард рубл ҷудо мегардад.

Раисиҷумҳури Русия инчунин иттилоъ дод, ки 16 апрел ҷаласа барои ироаи кумак ба бахши сохтмон, саноати мошинсозию ҳавонавардӣ ва дигар бахшҳои иқтисод баргузор хоҳад кард.