Фавти сокини 17 - солаи Восеъ: ба умеди сайди кабутар аз теппа ба поён сарозер шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади сокини 17 - солаи ноҳияи Бохтар хабар медиҳанд, ки дар чарогоҳ ба ҳангоми шикори кабутар ба ҷарӣ сарозер шуда фавтидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Восеъ рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад
Ба иттилои манбаъ, ҷавони 17 - сола , сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ аснои чарондани чорво дар саҳро ба шикори кабутар машғул шудааст.

Манбаъ меафзояд, номбурда ба умеди сайд кардани кабутар  ба болои теппа баромада, аз беэҳтиётӣ ба ҷарӣ афтида, дар обу лойқаи калон дармонда, ба ҳалокат расидааст.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор: се нафар ба ҳалокат расид

Хабари нопадид шудани сокини ноҳияи Восеъро рӯзи 14 - уми апрел ба шӯъбаи кумитаи мазкур расонданд, ки бо кӯшиши 6 наҷотбахш ва 100 нафар сокинони деҳа, ҷасади ҷавон аз миёни обу лойқа берун оварда шуда, ба наздиконаш супорида шуд.

КҲФ хотирасон мекунад, ки дар робита ба номсоид будани ҳаво дар ҳафтаи ҷорӣ, аз рафтан ба саҳро ҷиҳати анҷоми корҳои саҳро, молчаронӣ, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ карда шавад.