Боздошти роҳзан: шабҳангом бо ниқоб вориди манзили ҷавонзан шуда, маблағу ҷавоҳирот рабуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти роҳзани 24 - сола хабар медиҳад, ки дар дуздии маблағ ва ангуштарини тилло гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сокини  24 - солаи пойтахт ба хотири дуздӣ шабона вориди манзили зисти зани 30 - сола гардидааст, ки аз ҷониби кормандони милитсияи боздошт гардид.

"Домод ҳангоми никоҳ дуздӣ кард": боздошти Расулов-видео

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, роҳзан шаби 13 ба 14-уми апрели соли 2020, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ дар сар ниқоб пӯшида ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид шудааст.

Боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

Номбурда бо корд соҳибхоназанро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100 доллари амрикоӣ, 300 сомонӣ ва 1 адад ангуштарини тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зикр мегардад, ки зарари расонидашуда 4 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.