Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксинаи зидди бемории сил - БСЖ-ро дар мубориза алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо профессори тоҷик Саидбек Сатторов, дар робита бо тавсия нашудани ваксинаи БСЖ алайҳи коронавирус розӣ аст. Ин созмон мегӯяд, ваксинаи зидди сил -  БСЖ наметавонад хавфи гирифторӣ ба коронавирусро коҳиш диҳад ва ин хабар ягон далели қатъӣ надорад.

Дар сурати мавҷуд набудани чунин далелҳо  СҶБ онро барои пешгирии COVID-19 тавсия намедиҳад, гуфтааст созмони мазкур.

"Ҳеҷ гуна далел вуҷуд надорад, ки ваксинаи  Басилла Калмета — Герена (БСЖ) одамонро аз хавфи сирояти коронавирус ҳифз карда метавонад», омадааст дар шарҳи  ҳаррӯзаи иттилоотии СУТ. Зикр гардид, ки «аллакай озмоишҳо дар ин самт амалӣ гаштаанд, СУТ баъди ба даст овардани натиҷаҳо онҳоро арзёбӣ хоҳад кард".

Ёдрас менамоем, ки роҳбари Агентии биотиббии Русия, собиқ вазири тандурустии ин кишвар Вероника Скворсова бовар дорад, ки ваксинаи зидди сил метавонад дар мубориза бо коронавирус нақшгузор бошад. Бархе аз олимон ин ақидаро дастгирӣ кардаанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Дар ин робита, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Саидбек Сатторов дар мусоҳиба бо АМИТ "Ховар" иброз намуд, ки чун мутахассиси соҳаи тандурустӣ наметавонад бо ин фикр розӣ бошад, зеро аз нуқтаи назари илмӣ он ҳеҷ гуна  асоси воқеӣ надорад.

"Он ки миёни афроди ваксинаи зидди сил гирифта беморон камтаранд, инро танҳо тасодуф метавон номид. Зеро вирусҳои  ин бемориҳо гуногунанд, яке ба оилаи бактериявӣ, дигаре ба оилаи вирус мутааллиқ аст, байни онҳо ҳеҷ умумияте мавҷуд буда наметавонад.  Аз ин рӯ, ман бо чунин ақида розӣ буда наметавонам", — гуфт Саидбек Сатторов.

Хурӯҷи бемории коронавирус охири соли 2019 дар Чин ба қайд гирифта шуда, баъдан ба аксари кишварҳо паҳн гаштааст. 11 март СУТ онро чун пандемия эътироф намуд.