Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Авҷи коронавирус дар Покистону Афғонистон: шумори фавтидагон ба маротиб афзоиш ёфт

Дар Покистон шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар як шабонарӯз ба 15 нафар расид. Дар ҳоли ҳозир, шумори умумии мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Паҳншавии коронавирус дар Покистон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва теъдоди беморон дар ин кишвар аз 5 ҳазору 374 нафар убур кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба пойгоҳи интернетии "Ҷанг".

Сабти 58 ҳолати нав: шумораи гирифторони коронавирус дар Афғонистон ба 665 нафар расид

Бино бар иттилои манбаъ, дар Покистон шумори нафароне, ки аз коронавирус ҷон бохтанд ба 93 нафар расида, вазъияти 44 нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, даври маҳдудият дар рафту омад ва таътили ҷузъии шаҳрҳои Покистон дар рӯзҳои наздик поён хоҳад ёфт, аммо эҳтимол аст, ки он тамдид хоҳад шуд.

Ҳамзамон, вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ҳам ахиран эълон кард, ки дар 24 соати ахир 58 нафар ба вируси корона гирифтор шудааст.

Ваҳидулло Моёр, сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, эълом кард, шумори афроди олуда ба вируси корона дар 24 соати гузашта, 58 нафар афзоиш ёфт, ки то кунун ин теъдод дар як шабонарӯз сабт нашуда буд.

Дар ҳоли ҳозир, шумори мубталоёни ба COVID - 19 дар Афғонистон ба 665 нафар расид.

Сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, таъкид дошт, ки шумори фавтидагон аз ин вирус ба 21 нафар расидааст.