"Рафтем!" Рӯзи кайҳоннавардон пас аз парвози Гагарин - видео

12 апрел дар Русия ва кулли ҷаҳон чун Рӯзи кайҳоннавардон таҷлил мешавад. Ин рӯз пас аз парвози Юрий Гагрин таърихӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Рӯзи байналмиллалии парвози инсон ба кайҳон 8 апрели соли 2011 дар ҷаласаи 65-уми Ҷаласаи кулли СММ эълом шудааст.

Вай гуфт "Рафтем!..."

Дар ин рӯз соли 1961 мушакандоз ба фазои кайҳонии назди замин кишти кайҳонии "Восток" бо нахустин кайҳоннаварди Замин - шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагаринро ба кайҳон баровард.

"Рафтем" - чунин хитоб кард Юрий Гагарин зимни парвоз".

Баъд аз анҷоми як даври парвоз дар фазои Замин таҷҳизоти фурудоии кишти кайҳонӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба замин баргашт. Дар баландии чанд километр аз Замин кайҳоннавард худро аз таҷҳизоти фурудоӣ берун овард ва бо чатр дар қаламрави вилояти Саратов фуруд омад.

Парвози кайҳонӣ 108 дақиқа тӯл кашид. Нахустин парвози кайҳониро Сергей Королев, Анатолий Кириллов, Леонид Воскресенский раҳбарӣ карданд.

Дар солҳои баъд аз парвози нахустини кайҳонии Юрий Гагарин беш аз 500 нафар аз ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ба кайҳон парвоз кардаанд.

Шашуми августи соли 1961 киштии кайҳонии "Восток 2" бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. Парвози вай беш аз як шабонарӯз давом дошт. 11 ва 12 августи соли 1962 тавассути киштиҳои "Восток 3" ва "Восток 4" Андриян Николаев ва Павел Попович ва 16 июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвоз карданд.