ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафарро дар як ҷой мамнӯъ кард, хабар медиҳад "Парс тудэй".
Гуфта мешавад, ин иқдом барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус роҳандозӣ мешавад.
"Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафар, меҳмониҳое барои арусӣ ва азодориҳо ва ҷаласаҳои мухталифро барои пешгирӣ аз шуюи бемории корона мамнуъ эълом кард", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Аз ҳафтаи гузашта то кунун беш аз 200 нафар наметавонанд барои ҷашнҳои хонаводагӣ монанди арӯсӣ , солгард ва ҷашнҳои таваллуд даъват шаванд ва бештар аз 6 нафар низ наметавонанд дар меҳмониҳо даври дастархон биншинанд.
Чунин маҳдудитҳое барои аввалин бор аст, ки дар ин кишвар иҷро шудааст.
Туркманистон аз Тоҷикистон хоҳиши кумак дар таъмини пиёз кард
Ёдрас мешавем, мақомоти кишвар феълан аз шуюи коронавирус дар Туркманистон эълон накардаанд.