Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Гирифторони коронавирус чигуна ҷон медиҳанд - посухи пизишк аз Қирғизистон

Асомиддин Марипов мудири беморхонаи Ноокат, ки беморони коронавирусро табобат мекунад, гуфт дардмандони COVID -19 чигуна ҷон медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Пизишк мегӯяд, рӯзҳои аввали қабули беморон пизишкон фикр мекарданд, коронавирус як навъи зуком аст, вале бо мурурри замон дарк карданд, ки ин беморӣ чанд маротиб даҳшатбортар ва вазнинтар будааст.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Ба нақли пизишк, 90 дарсади беморон ягон нишонае надоранд, Яъне зимни ташхис таҳлил мусбат мебарояд, вале онҳо худро хуб эҳсос мекунанд ва танҳо ба сифати барандаи вирус ҳастанд.

Вале, 10 дарсади дардмандон коронавирусро хеле мушкил мегузаронанд ва ин ҷо табобати бемор аз синну сол, саломатии одам ва ғизои истеъмолкарда вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол таби бемор то 40 дараҷа баланд шуда, сулфаи хушки дилгиркунанда сар мешавад. Дар шабонарӯзи дуюм нафаскашии бемор вазнин мешавад ва ӯро ба шӯъбаи эҳё ба аппарати нафаскашии сунъӣ пайваст мекунанд.

Пизишк бо гуфтаи ҳамтоёнаш аз Италия, ки беморони коронавирус хеле вазнин ҷон медиҳанд розӣ аст. Ӯ нақл кард, чигуна дардмандони коронавирус ба ҳалокат мерасанд.

"Бале ин рост аст. Бемор шадидан заҳролуд мешавад ва агар дар ҳамин ҳол бемор баҳуш бошад, бисёр азоб мекашад. Қисмҳои бадани чунин беморон оҳиста оҳиста аз кор мемонанд. Муҳим аст, ки дар чунин вақт пизишки таҷрибадори реаниматолог ва таҷҳизоти техникӣ бошад", - гуфт Асомиддин Марипов дар суҳбат бо Sputnik Қирғизистон.

Дар Қирғизистон то 12 апрели соли равон 377 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 51 нафари онҳоро пизишкон ташкил медиҳанд. Панҷ кас дар паи ин беморӣ ба ҳалокат расида, 44 нафар шифо ёфтанд.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Тибқи омори ахир, то 9 апрел беш аз 1,5 миллион кас дар 209 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят шудааст. Беш аз 89,4 ҳазор нафар ҷон бохта, пизишкон 337,1 беморро табобат карданд.