Бошгоҳи Душанбе қаҳрамони баскетболи Тоҷикистон шуд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, бошгоҳи баскетболи “Душанбе” ғолиби Лигаи баскетболи Тоҷикистон гардид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бошгоҳи баскетболи “Душанбе” лигаи баскетболи кишварро дар мавсими 2019-2020 бе бохт анҷом дод, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Бозӣ бидуни тамошобин: “Истиқлол” боз соҳиби суперҷоми Тоҷикистон шуд

Кумита зикр кард, ки бозиҳои клубҳои баскетболи Тоҷикистон баъд аз танаффуси панҷсола моҳи октябри соли гузашта аз сар гирифта шуд. То 5 соли пеш баскетболбозони кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ширкат мекарданд. Тирамоҳи соли гузашта бори аввал Лигаи баскетболи Тоҷикистон таъсис ёфт.

Барои унвони чемпиони Тоҷикистон 8 клуб талош карданд – “33”, “Зуҳро”, “Душанбе”, “Фойтун”, “Беркут”, “Легендҳо”, “Dizel Power”, “DIS”.

Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар се марҳила сурат гирифт. Дар натиҷа, Клуби баскетболи “Душанбе” дар ҳамаи бозиҳояш ғалаба карда, бо 103 хол дар ҷадвали лига ҷои аввалро ишғол кард.

Ҷойи дуюм бо 77 хол насиби клуби “Dizel Power” ва ҷои сеюм бо 74 хол насиби клуби “Фойтун” гардид.