Бештар аз 600 кас: дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони коронавирус зиёд шуданд

Ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар нафароне ба қайд гирифта шуд, ки дар карантин қарор доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон танҳо дар як шабонарӯзи ахир 42 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 муайян шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамин тавр шумораи мубталоёни вирус дар кишвар ба 624 нафар расидааст.

"Бар ҳолати 10 апрел, соати 10:00 дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони COVID-19 624 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар Ӯзбекистон шумораи беморони коронавирус ба 582 нафар расид

Манбаъ афзудааст, ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар нафароне ба қайд гирифта шуд, ки дар карантин қарор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар нимаи моҳи март дар Ӯзбекистон аввалин ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Беморӣ дар духтаре пайдо шуд, ки аз Фаронса баргашт.

То ба ҳол маълум гардидааст, ки бар асари ин беморӣ се дардманд ҷон бохта, ҳамчунин 30 нафар шифо ёфтанд.

Сар аз 1 - уми апрел дар Тошканд ва дигар манотиқ қарантин эълон шуд. Шаҳрвандони аз 60 - сола боло ҳаққи ба берун баромаданро надоранд.

18 вагон орду маводи тиббӣ: кумаки башардустонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид

Дар умум 90 ҳазор нафар дар Ӯзбекистон ба қарантин фаро гирифта шудаанд.