ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки бародари худашро корд задааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 7-уми апрели соли 2020, тахминан соатҳои 21:20-дақиқа, марди 42-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, дар манзили истиқоматиашон бо бародараш марди 41-сола, машрубот истеъмол намудааст.
Сипас бо бародараш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба тарафи рости гарданаш зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Боздошти 12 нафар дар Душанбе зимни амалиёти "корд": бо худ ниқобу дубинкаву корд доштанд
"Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.