Наздик ба 12 ҳазор: авҷи коронавирус дар кишварҳои ИДМ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир миёни кишварҳои ИДМ коронавирус дар Русия бештар авҷ гирифта, шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба 6343 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Русия дар як шабонарӯз 954 ҳолати нави сироятёбӣ коронавирус ё COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии мубталоён ба ин вирус ба 6343 нафар расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазоратит тандурустии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ).

Коронавирус авҷ гирифт: нахуствазири Бритониё оҷилан бистарӣ шуд

Инчунин тибқи маълумоти СҶБ,  дар Украина ва Арманистон низ шумораи нафарони гирифтор ба коронавирус афзоиш ёфта, дар ҳоли ҳозир Дар Украина 1319 нафар ва дар Арманистон 833 нафар ба ин вирус мубтало шуданд.

Дар Украина 38 нафар ва дар Арманистон 8 кас вафот кардаанд. Дар Арманистон шумораи беморони шифоёфта ба 62 нафар расида, дар Украина бетағйир – 28 нафар боқӣ мондааст.

Дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Беларус (562), Қазоқистон (584), Қирғизистон (216), Молдова (864), Озарбойҷон (584) ва Ӯзбекистон (390) шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 бетағйир боқӣ мондааст.

Ҳамзамон то ин дам дар Беларус 52 нафар, Қазоқистон — 45, Қирғизистон — 33, Молдова — 30, Озарбойҷон — 32 ва Ӯзбекистон – 30 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Молдова  15 ҳолат, Беларус — 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон – 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус тасдиқ гардид.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии беҳдошт тазаккур дод, ки то имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистон, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст шумори мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 367 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 17 нафараш  шифо ёфта, 7 тани дигар ҷони худро аз даст додааст.

Мувофиқи иттилои ин созмон, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 69 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 265 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 45 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико (336 851 нафар), Испания (131 646), Италия (128 948), Олмон(100 123), Фаронса (92 839), Чин (81 708), Эрон (58 226), Бритониё (47 806), Туркия (27 069) ва Швейтсария (21 176) дохил мешаванд.