Се зани Абуалимов ва ҳунарнамоӣ дар ҷое, ки Алла Пугачёваро "роҳ" надоданд - видео

Зафар Абдуалимов овозхони машҳури тоҷик дар бораи таҷрибаи бойи "зангирӣ" ва нақшаҳои ҳунарияш дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и Орзу Исоев, нақл кард
Sputnik

Ахиран Зафар Абдуалимов суруди машҳури "Ман бо духтаре вохӯрдам" - ро дар шакли нав бозхонӣ карда нахустин бор ин онро дар театри калони Маскав сароид.

"Бояд ҳама бидонанд, ки ин суруд моли зеҳнии тоҷикон аст. Матни ин сурудро Мирзо Турсунзода ва оҳангашро Зиёдулло Шаҳидӣ эҷод кардааст. Ман ин сурудро ба хотири нигоҳ доштани моли зеҳни мардуми тоҷик бозхонӣ кардам", - гуфт Зафар ва афзуд, ки барояш боиси фахр аст, чун ҳатто ба Алла Пугачёва иҷоза надода буданд, ки дар театри бузурги Маскав ҳунарнамоӣ кунад, вале ба онҳо дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия иҷоза шуд, дар ин макон ҳунарнамоӣ кунанд.

Зафар Абдуалимов, ки солҳои охир дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат ва доварӣ карда буд, нақша дорад дар ҳудуди Тоҷикистон низ як озмуни бонуфузи ҳунарӣ баргузор кунад.

Фоҷиаи хонаводаи Ширинмоҳ Ниҳолова: аз марги шавҳар то куштори хоҳар - видео

"Ин тоза фикри худам ҳаст, вале ин кори осон нест, чун маблағгузориаш мумкин калон шавад", - гуфт Зафар ва изҳори умедворӣ кард, ки сарпарасте барои амалӣ кардани ин фикр ёфт мешавад.

Дар идомаи барнома, Зафар ҳамчунин дар бораи ҳаёти шахсии худ нақл кард. Ӯ гуфт то ин дам се бор издивоҷ кардааст ва имрӯз бо ҳамсар ва духтарчааш Амира хушбахт аст.

Ҳамсари якуми Зафар Жанна Шайинян буд, ки Зафар бар хилофи зиддияти падару модараш дар 22-солагӣ ба ӯ хонадор шудааст.

"Ду сол бо ҳам будем зиндагӣ кардем соҳиби писар  - Шерзод ҳастем. Ӯ соли 2009 таваллуд шуд", - гуфт Зафар ва сабаби ҷудошавиро омилҳое гуфт, ки миёни ду шахси ҳунарманд ба вуҷуд меоянд.

"Ман умуман фикр мекунам, ки зану шавҳар набояд дар як ҷой кор кунанд. Зан бояд ҷойи худро донад ва мард ҷойи худро", - гуфт Абдуалимов ва афзуд, ки аз аввал маълум буд, ки ин издивоҷ чунин анҷом меёбад чун бе розигии падару модар ва бе дуои волидон аз хона баромадаан баракат надорад.

"Ман дар давоми ҳамон ду сол бисёр мариз шудам ва ҳатто замони ҷудошавӣ дар беморхона будам. Фикр мекунам ҷудошавиамон бисёр хуб шуд", гуфт Зафар.

Ба гуфтаи ҳунарманд ҳамон ду соли зиндагӣ бо Жанна ӯро таҷрибадор кард ва Зафар зимни бозгаштан ба хонаи волидон тамоман шахси дигар шуд.

Ифшогариҳои Меҳрнигор: бурди грин корт, тарки Ватан ва "фиреб" - и сарояндагон - видео

 

Издивоҷи дуюми Зафар Абдуалимов ҳамагӣ панҷ моҳ давом кард.

"Пеш аз тӯй инсон дигар аст, вале баъди тӯй дигар. Хислатҳоямон дуруст нагирифт. Мо боз ҷудо шудем", - гуфт Зафар ва афзуд, ки аз гузаштаҳо ёд намекунад.

Дар бораи издивоҷи сеюм Зафар Абдуалимов мегӯяд, хеле душвор будааст. 

Ҳамакнун ҳафт сол мешавад, ки Зафар хонадор аст. Ӯ соҳиби духтарча Амира мебошад ва ҳамроҳи ҳамсари сеюмаш хушбахт аст.

Дар охир Зафар Абдуалимов ба ҷавонони тоҷик тавсия дод, ки ҳеҷ вақт пеш аз хонадор шудан ба эҳсосот дода нашаванд, ба гапи дигарон гӯш надиҳанд ва танҳо сари худро кор фармоянд.