Аз Каъба то Рим: суруд ва намоҳанги вазири фарҳанг Назарбеков алайҳи COVID-19-видео

Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон, суруд алайҳи пандемияи коронавирусро таҳия ва нашр кард
Sputnik

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, тамоми ниҳодҳо вориди мубориза бо коронавирус шуда, вазири фарҳанг низ барои пирӯзӣ барои ин вобо сурудеро иҷро кард.

Теъдоди маризони коронавирус дар Русия ба 5,4 ҳазор нафар наздик шуд

Дар намоҳанги вазири фарҳанг лаҳзаҳои ҳузнангези хуруҷи коронавирус инъикос шуда, шеваҳои мубориза бо он тарғиб шудаанд. Инчунин мавзеъҳои машҳури ҷаҳон, аз ҷумла Каъба дар лаҳзаҳои то ва баъди хуруҷи коронавирус намоиш дода шудаанд.

Суруду намоҳанги Назарбеков дар ҳолест, ки то имрӯз теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 298 нафар баробар шуд, ки 102 нафарашон аз хориҷа баргаштанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, аз ҷумла 46 мутбалои коронавирус аз Русия, 45 нафар аз Туркия, 5 мариз аз Британияи кабир, ду нафарӣ аз Фаронсаю Имороти Араб ва якнафарӣ аз Арабистони Саудию Швейтсария омадаанд.

Ба далели афзоиши босуръати мубталоёни коронавирус мақомоти Ӯзбекистон аз 6 апрели соли равон дар Тошканду шаҳрҳои марказии дигар низоми ҳатмии худинзивоъро ҷорӣ мекунанд.

Ахиран дар бадани 32 нафаре, ки дар карантин қарор доштаанд, COVID-19 ошкор карда шуд.