ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев комилан сиҳат аст, изҳор доштаст котиби ӯ Айдос Уқибой.
"Мо ҳеҷ гоҳ ин овозаҳоро шарҳ надодаем. Аммо, чанде қабл баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки вазъро дар кишвар бесубот кунанд, аз ҷумла тавассути паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ дар бораи вазъи саломатии Назарбоев. Ҳамаи ин сару садоҳо асоси воқеӣ надоранд. Назарбоев барои беҳбудии ватан дар шароити қарантин ҳам кор мекунад", афзудааст Уқибой.
Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон
Сухангӯй ёдовар шуд, ки 3 апрел Назарбоев бо раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо, бобати ваъият ва омодагии минтақаҳо ба мубориза алайҳи коронавирус сӯҳбатҳо анҷом дод. Ҳар кадоме аз ин ҳокимон метавонанд сиҳат будани ӯро тасдиқ кунанд, зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи Уқибой, дар робита ба ҷорӣ гардидани қарантин қабулгоҳи Назарбоев феълан фаъолият намекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон 500 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидаст ва аллакай аз ин маризӣ 4 қазоқистонӣ ба ҳалокат расиданд.