Трамп гуфт, ки ин "ишораи хеле зебо" аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин буд.
"Ман гуфтам, ки онро қабул мекунам (кӯмак). Русия ва таблиғот ба ман тамоман халал намерасонанд. Ман таҷҳизоти баландсифати тиббиро гирифтам. Он метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад ва ман ҳар рӯз омодаам, ки онро қабул кунам", - изҳор доштааст кишвардори Амрико дар як нишасти матбуотӣ.
Ҳавопаймои Ан-124 (Руслан) бо таҷҳизоти тиббӣ аз Федератсияи Русия рӯзи чоршанбе дар фурудгоҳи Ҷон Кеннеди (JFK) нишаст. Дар ҳавопаймо ғайр аз таҷҳизоти тиббӣ ҳамчунин маводҳои дезинфексионӣ, айнакҳо, ниқобҳо ва респираторҳо мавҷуд буданд.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти COVID-19 дар амрико ба 273 ҳазор нафар расидааст. Беш аз 9 ҳазор бемор шифо ёфтанд ва зиёда аз 7 ҳазор дардманд фавтиданд.
Трамп ба Путин занг зад: раисҷумҳурони Амрико ва Русия дар чӣ хусус сӯҳбат карданд?
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март вируси COVID-19 -ро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти СҶБ, дар ҷаҳон беш аз як миллион нафар мубтало шуда, беш аз 50 ҳазор нафар ҷон бохтанд.