ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси ягонаи варзишии тими олимпии Тоҷикистон дар 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токио муаррифӣ шуд.
Ба иттилои котиботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби олимпии ҷумҳуриро ширкати ватании "Iamdifferent" бо маҷмуи либоси варзишӣ таъмин менамояд
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иброз намуд, ки Кумита бо ширкати "Iamdifferent" таҷрибаи корӣ дорад. Ин ширкат соли 2016 дастаи мунтахаби олимпии кишварро бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд ва имсол низ ташаббус ба даст гирифт, ки тими олимпии Тоҷикистонро дар масъалаи либос ва лавозимоти варзишӣ сарпарастӣ намояд.
Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмӯи либоси варзишии тими олимпии кишвар аз се маҷмӯъ иборат аст ва 22 номгӯро дар бар мегирад
Қарор қабул шуд, ки маҷмӯи либоси варзишии дастаи мунтахаби олимпӣ бо иловаи пешниҳодҳои аъзои Кумитаи иҷроия омода ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ пешниҳод карда шавад.
Қайд гардид, ки барои ҳайати тими олимпии кишвар, ҳамчунин либоси расмӣ ҷиҳати гузаштани парад омода карда мешавад.