Дар Қазоқистон савумин маризи коронавирус фавтид: 363 нафар дардманд ҳастанд

Дар Қазоқистон феълан 363 ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Ҳамчунин фавти се нафар аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Саввумин маризи каронавирус дар Қазоқистон фавтид, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии ин кишвар.

Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон
Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии дардмандон дар Қазоқистон ба 363 нафар баробар аст, ва қаблан ду бемори коронавирус фавтида буданд.

Бо хуруҷ ёфтани маризии коронавирус дар Қазоқистон, раисҷумҳури ин кишвар Қосим Жомарт - Тоқаев вазъи фавқулодаро элон кард. Бо қарори кишвардори Қазоқистон вазъи фавқулода аз 16 - уми март ҷорӣ шуд. Ҳамчунин аз 19 - уми март Нур - Султон ва Алма - Ато ба қарантин фаро гирифта шуданд.

Мураххас мешаванд: ду маризи коронавирус дар Қазоқистон комилан шифо ёфтанд

"Дар вилояти Қарағанда маризи 62 - сола фавтид. Марҳум рӯзи 30 - юми март дар ҳолати вазмин ба беморхона интиқол ёфт ва табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март СҶБ вируси  COVID-19 - ро пандемия эълон кард. Бар тибқи маълумоти ин созмон, маризии коронавирус дасти кам 750 ҳазор бошандагони ҷаҳонро сироят кард, ки 36 ҳазор нафар аллакай ба ҳалокат расиданд.