Худ нафавтида, кушта шудааст? тафсилоти дигар аз марги ҷавони 27-сола

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ба хотири рӯшанӣ андохтан ба куштори Диловаршо Шомиров, як ҷавони 27 – солаи сокини Душанбе як қатор ташхиси иловагӣ таъин кардааст. Акси ҷасади беҷони ин фард аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар маркази матбуоти раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Sputnik-Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳарчанд сабаби марги Диловаршо Шомиров, тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ, инсулти геморогӣ ва атеросклерози шараёнҳои дил аст, як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ ва маълум шуд, ки ин ҳодиса на марги табиӣ, балки куштор аст.

Гумонбар дар куштори сокини 27 - солаи Душанбе боздошт шуд - акс

Қатли меҳмон аз сӯи мизбон: ҳамқадаҳ будаанд

Бино ба иттилои ин манбаъ, фарде ба номи Абдулмумин Халилов – и 31 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ин иттиҳом боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳамсарро қатл ва хушдоманро захмӣ кард: боздошти сокини 27-солаи Норак бо ҷурми одамкушӣ

“Мавсуф бо марҳум Диловаршо Шомиров дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо кор мекарданд. Боре яке аз онҳо ба мошини шустаи дигарӣ об мепошад ва дигарӣ аз ин ба хашм меояд, зеро ӯро лозим мешавад, мошинро дигарбора тоза кунад. Ҳамин тавр, 22 марти соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 22.30 – и шаб ҳарду дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур даст ба гиребон шуда, Абдулмумин Халилов бо мушт ба баногӯши Диловаршо Шомиров зарба мезанад. Дар натиҷа охирӣ ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат мерасад”, - вазоҳат доданд дар маркази матбуоти раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Sputnik-Тоҷикистон.

Акси ҷасади фарди номаълум дар шаҳри Душанбе рӯзи 23 марти соли равон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Куштори падари хонадон аз сӯи ҳамсар ва фарзанд: оташ зада дар назди ҳавлӣ гӯрондаанд

Санаи 24 марти соли ҷорӣ раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як изҳороти расмӣ хабар дод, ки ин нафар Диловаршо Шомиров, санаи таваллудаш 17 апрели соли 1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев аст.

Хешовандони Диловаршо Шомиров ба Sputnik-Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мавсуф дар пайи як муноқиша барои 208 сомонӣ аз сӯи ҳамкоронаш латукӯб шудааст.

 Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин ҳодиса як қатор ташхисҳои иловагӣ таъин карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ маълумоти иловагӣ ироа хоҳад кард.