Супербоғи Саидмурод Давлатов: Раҳмон рафту ниҳол шинонд-аксҳо

Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Спитамен боздид кардааст, ки ба иттилои котиботаш нахустин чунин таҷрибаи боғдорӣ дар кишвар мебошад. Раисиҷумҳур ҳамроҳи соҳибкор Саидмурод Давлатов дар нахустин супербоғ дар Тоҷикистон ниҳол шинонд. 

Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.

"Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст. Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад", - тавзеҳ додаст котибот.

Боғи суперинтенсивӣ дар соли сеюм ҳосил медиҳад. Манбаъ афзуд, бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.

Иштироки президент дар Иди асалу нону картошка ва баҳои баландаш ба кадбонувони суғдӣ

Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.

Зимни боздид аз боғи суперинтенсивӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Новобаста ба ин метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.

Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд.

1 / 8
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Саидмурод Давлатов ҳангоми ниҳолшинонӣ
2 / 8
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соҳибкор Саидмурод Давлатов ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд
3 / 8
Боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст
4 / 8
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
5 / 8
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст
6 / 8
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад
7 / 8
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
8 / 8
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд