Боздиди кишвардори Русияро дар навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Бино ба гуфти сухангӯи президент Дмитрий Песков, Владимир Путин шахсан хоста аз аҳволи сироятшудагон хабар бигирад.
Путинро дар ин боздид, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ва муовини аввали сарвазири кишвар Татяна Голикова ҳамроҳӣ карданд.
Дар доираи боздиди худ президенти Русия бо ҳайати табибони беморхона гуфтугӯ кард ва аз шӯъбаи нави бемористон боздид намуд.
Дар баробари ин Путин шахсан ба шӯъбаи бемориҳои сироятӣ рафта бо мубталоёни коронавирус дидор кард.
Ба президент либоси вижаи муҳофизатӣ ва маскаи нафасдиҳӣ пӯшониданд.
Бино ба додаҳои охир, то 24 март, дар Маскав 495 кас мубталои коронавирус шудааст.