Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Ҳавонавардии Русия сабаби мушкилии интиқоли шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон ба ватан гуфт. Сафири тоҷик иттилоъ дода буд, ки бештар аз 400 шаҳрванди кишвар дар фурудгоҳҳои Русия дар мондаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Масъалаи интиқоли муҳоҷирони тоҷикро аз Маскав ба ватан манъ шудани парвозҳои байналмилӣ дар Тоҷикистон мушкил кардааст. Ин нуқтаро дафтари матбуоти Ҳавонавардии Русия дар хабаре тавзеҳ додааст.

Кистанд онҳо? "Сомон Эйр" 189 мусофирро ба Маскав овард
Манбаъ қайд мекунад, ки айнан ҳамин мушкилӣ дар интиқоли шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷой дорад.

"Масъалаи интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро аз Маскав, мутаассифона, дар робита бо мавқеи мақомоти расмии кишварҳои зикргардида дар мавриди интиқоли мусофирон мушкил кардааст", - гуфта мешавад дар хабар.

Росавиатсия менависад, феълан барои ба эътидол овардани масъала ва интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан тамоми иқдомҳои лозима андешида мешаванд.

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон сар аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалӣ қатъ шуданд. Ин қарор барои пешгирӣ аз коронавирус қабул гардид.

ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад

Дар ҳамин робита муҳоҷирони зиёде натавонистанд аз фурудгоҳҳои Маскав ба Душанбе парвоз кунанд.

 

Вазъяти мазкурро сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шахсан назорат мекунад.