Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чин ба Қирғизистон дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус баҳои мусбат дод

Интизор меравад, дар ояндаи наздик мутахассисони чиноӣ барои мубодилаи таҷрибаи худ дар мубориза алайҳи маризии коронавирус вориди Қирғизистон шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Феълан, мутахассисони Чин ба усули пешгирифтаи ҳукумати Қирғизистон бобати мубориза алайҳи маризии коронавирус баҳои мусбат гузоштаанд, хабар медиҳад муовини Вазири тандурустии ин кишвар Толо Исҳоқов.

Бо се мубталои коронавирус дар Қирғизистон беш аз 2 ҳазор нафар дар тамос буданд

Ба изҳори ӯ, Чин пас аз манъ кардани гаштугузори шаҳрвандон ба пирӯзи алайҳи ин беморӣ ноил гардид ва Қирғизистон низ ин таҷрибаи давлати Чинро такрор мекунад.

"Вируси нав қобилияти боқӣ мондан дар ҷоеро дорад, ки шахс онҷо қарор мегирад", - афзудааст Исҳоқов.

Коршиносони Чин ба Қирғизистон тавсия додаанд, ки ҳамаи шаҳрвандони воридшуда аз кишварҳо, ки дар он ҷо вазъи эпидемиологии номусоид мавҷуд аст, ҳатман ба карантин фаро гиранд.

Коронавирус Тоҷикистонро иҳота мекунад: 3 маврид дар Қирғизистон

Зимнан, интизор меравад дар ояндаи наздик худи мутахассисони Чин озими Қирғизистон шаванд ва дар мубориза бо ин маризӣ кӯмак намоянд.

Дар Қирғизистон феълан 12 мавриди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Хабар дода шуд, ки бо нахустин мубталоёни ин маризӣ дар Қирғизистон беш аз 2000 нафар дар тамос буданд.

Дар робита ба ин маризӣ, ҳукумати Қирғизистон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла Наврӯзро манъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки нахуст бурузи ин беморӣ аз шаҳри Вуҳани Чин сар зад ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба беш аз 100 кишвари қора доман зад.