ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Арабистони Саудӣ тасмим гирифт дар робита ба паҳншавии маризии сироятии коронавирус, дари ду масҷиди бузург дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро ба рӯи мусалмонон, барои муддати номаълум бубандад, хабар медиҳад шабакаи Al Arabiya.
Намояндаи Сарраёсати корҳо оид ба ду масҷид, Ҳани бин Ҳусни Ҳейда дар ин робита тавзеҳ додааст, ки мӯъминон ба қаламрави масҷиди бузург дар Макка ва Масҷиди Паёмбар дар Мадина вуруд шудан ва намоз гузоштанро надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудият барои мусалмонон сар аз 20 - уми март ба ҳукми қонун медарояд, вале санаи лағви он то ҳол номаълум боқӣ мемонад.
Бо се мубталои коронавирус дар Қирғизистон беш аз 2 ҳазор нафар дар тамос буданд
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳукумати Арабистони Саудӣ баргузории намози ҷамоатиро дар тамоми масоҷид манъ ва танҳо имкони намозгузорӣ дар ду масҷиди бузург дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро имконпазир гузошт. Аммо акнун вуруди мусалмонон ба ду масҷиди охирон низ манъ карда шуд.
Ҳамзамон, сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.
Алъон 274 ҳолати сироятёбӣ ба маризии коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шудааст.