Вазорат: сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон устувор аст

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳиши қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ бетаъсир намонд.

Вазорати иқтисод сармоягузори аслии корхонаи полоишгоҳи нафти Данғараро гуфт

Масъулини вазорат таъкид доштанд, ки дар ин давра рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гаштааст.

Вобаста ба ин, барномаи махсус доир ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисоди миллӣ иборат аз якчанд тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад.

Аз ҷумла, ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии мавриди ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа чораҳои мушаххас андешидааст.

“Ҳамзамон масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд”, таъкид доштааст вазорати иқтисод.

Гузориши вазири молия ва иқтисод дар назди Раҳмон: маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд

Вазорати иқтисод маълумот пешниҳод кардааст, ки дар моҳҳои январ-феврали соли равон истеҳсоли гӯшти паранда (дар вазни зинда) 4357 тонна, тухм 150 млн. дона ва моҳӣ 484 тоннаро ташкил дода, мутаносибан гӯшти паранда 4,4 маротиба, тухм 1,5 маротиба ва моҳӣ 2,9 маротиба афзоиш ёфт. Инчунин истеҳсоли равғани растанӣ 20 фоиз афзоиш ёфта, 4,3 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 510,3 тонна, аз он помидор 357,3 тонна, бодиринг 65,9 тонна ва дигар намуди сабзавот 87,1 тоннаро ташкил намуд.

Масъулини Вазорат қайд намудаанд, ки Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал буда, ҳукумати кишвар барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ аз омилҳои беруна тадбирҳои дахлдор меандешад.