Сокини 37 - солаи Хуҷанд қасдан ҳамсари собиқ ва писари ноболиғашро бо мошин пахш намуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш, ки марбут ба муноқишаи оилавӣ мебошад, хабар медиҳад. Дар ин ҳодиса зани хонадон ҷон аз даст дод ва фарзанди ноболиғаш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бистарии беморхона гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 37 - солаи шаҳри Хуҷандро боздошт намуданд, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии аъзоёни хонаводааш гумонбар дониста мешавад.

Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда бо худраваш ҳамсар ва фарзанди ноболиғи худро пахш намудаст.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш рӯзи 17-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сар задаст.

"Сокини Хуҷанд бо собиқ ҳамсараш зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш, сокинони шаҳри мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҳамсар ва писари ноболиғашро бо автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Вектра", қасдан пахш намудааст", - омадааст дар хабар.

Дар натиҷа, ҳамсари собиқаш аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида, писари ноболиғаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ронандаи "Мерседес-Бенс" як марди урупоиро пахш кард: шахсияти ҳалокшуда муайян мешавад

ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.