Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон дар дигар ҷой мегузарад: UFC макони нав меҷӯяд

Дар Ню-Йорк, ки мебоист рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон, барпо шавад, баргузории ҳамагуна чорабиниҳо бо ширкати бешт аз 500 кас манъ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Рақобати қаҳрамони UFC, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо варзишгари амрикоӣ Тонӣ Фергюсон дар Ню-Йорк баргузор намешавад, хабар медиҳад, Р-Спорт.

Ба гуфти президенти UFC Дани Уайт, намояндагони ширкат феълан дар ҷустуҷӯи макони нав ҳастанд.

Дана Уайт гуфт, эҳтимол рақобати Ҳабиб ва Тонӣ лағв шавад

Рақобати варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо варзишгари амрикоӣ Тонӣ Фергюсон мебоист 18 апрел дар Ню-Йорк баргузор шавад, вале ба далели паҳншавии коронавирус дар шаҳр баргузории ҳамагуна чорабиниҳоро бо ширкати бештар аз 500 кас манъ кардаанд.

Лағви консерти Шабнами Сурайё дар Ню - Йорк ба далели коронавирус

Комиссияи варзиши сабуки иёлоти Невада низ баргузории ҳамагуна сабқатҳоро манъ кард.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, президенти UFC Дани Уайт рӯзи шанбе ваъда дод, ки рақобати миёни Тонӣ ва Ҳабиб баргузор мешавад.

"Мо чанд вариант доштем аз ҷумла Невада. Акнун, ки дар Невада баргузории ҳамагуна чорабинӣ манъ шуд, макони нав меҷӯем. Умедворам, ки то субҳи рӯзи якшанбе ду варианти нав барои баргузории рақобат пайдо мешавад", - гуфт раҳбари ширкат.

Бино ба гузориши охир феълан 156 396 нафар дар ҷаҳон аз вируси навъи COVID-19 сироят ёфтаанд.