Даъвати ВУХ Тоҷикистон аз ИМА: аз интишори маълумоти беасос худдорӣ намоед

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон изҳорот нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Ин ниҳод гуфтааст, ки "дар гузориши Департаменти ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад". 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ инсон фаъолият доранд, ки ба онҳо ваколати арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вогузор шудааст.

Эҳтиёткор бошед: ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

"Бояд гуфт, ки дар гузориши Департаменти ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намуданд, ки ин омил саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад".

Ин ниҳод мегӯяд, дар санад такрори матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти носанҷида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мушоҳида шуда, таҳиякунандагони гузориш ба ҷанбаҳои сершумори масъалаи мавриди баррасӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накарда, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро асосан манфӣ арзёбӣ намудаанд.

ВУХ изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, бозтоб наёфтаанд.

"Чунин гузоришҳо ҳар сол аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба нашр расида, санади сирфан дохилӣ мебошанд. Ин гуна бархӯрд ҷавобгӯ ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду кишвар намебошад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд",-омадааст дар изҳорот.

Вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчӯби он санадҳо мунтазам иҷро менамояд. Қонунгузории соҳавӣ тадриҷан такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дафтарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон абзорҳои миллии арзёбии вазъи ҳуқуқи инсонро, ки бархе кишварҳои ҷаҳон якҷониба ва ба манзури таъсир расонидан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дигар ҳадафмандона ба кор мебаранд, ғайри қобили қабул ва мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморад.

"Аз Департаменти давлатии ИМА даъват мешавад, ки аз интишори маълумоти носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ намояд.

Тоҷикистон ба идома додани муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ҳамеша омода аст", - омадааст дар изҳорот.