Ҷаҳиши қурби доллар ва уфти рубли русӣ баъди арзоншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз дар бонкҳои кишвар бар ивази 1000 рубл 130 сомони медиҳанд, ки нисбат ба чанд ҳафтаи қабл то 20-25 сомонӣ кам мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби рубли русӣ якбора коҳиш ва доллару евро бошад баланд гаштааст.

Қурби асъор: арзиши рубл каме поён ва арзиши доллар андак боло рафтааст

Коҳши якбораи қурби рубли русӣ дар ҳолест, ки чанд ҳафта қабл дар Тоҷикистон 1000 рубл то 155 сомониро ташкил медод.

Дар сомонаи расмии Бонки милли Тоҷикистон бошад, қурби рубл бетағйир монда  ба асоси он 1 рубл ба  0,1413 сомонӣ баробар аст.

Бар асоси нишондоди бонкҳои кишвар имрӯз қурби 1000 рубл дар “Бонки Эсхата” ба 131 сомонӣ баробар буда, дар “Спитаменбонк” бошад ба 134 сомонӣ мерасад.

Қурби 1 доллар дар “Бонки Эсхата” бошад барои имрӯз 9,6800-9,7000 ва 1 евро ба 10,9800-11,0800 баробар аст.

Дар “Спитаменбонк” бошад 1 доллар ба  9.6900-9.7000 ва 1 евро ба 11.1300-11.1800 баробар аст.

Нишондиҳандаҳои Бонки миллии кишвар бетағйир мисли ҳафтаи гузашта буда, 1 доллар ба  9.6800 ва 1 евро ба 10.9558 баробар аст.

Дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд

Нархи нафти навъи Brent дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид якбора поин рафта, то 31,43 доллар сари ҳар баррел расид, ки поинтарин нишондод дар 4 соли охир мебошад.

Коҳиши якбораи қурби рубл баъди уфти нархи нафт - поинтарин дар 4 соли охир

Бар асоси натиҷаҳои ахир дар биржаҳои ҷаҳонӣ, нархи як баррел нафт якбора 14 доллар коҳиш ёфта, то 31,02 доллар поин омад, ки камтарин нишондод аз моҳи январи соли 2016 мебошад.

Ин коҳиш дар ҳолест, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар доираи ОПЕК+ натавонистанд барои ихтисори иловагии тавлиди нафт дар пасманзари коҳиши талабот ба далели коронавирус ба тавофуқ расанду Русия эълон намуд, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Ин тасмим, ки охири ҳафтаи гузашта эълон шуд, ба коҳиши нархи нафту ҷаҳиши асъори амрикоӣ ва аврупоӣ анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҳол ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва ба қурби рубли русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун маошро асосан бо ин асъор мегиранд, ки ба гуфти эшон ин поёнравӣ бар зиёнашон хоҳад буд.