ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Як манбаъ аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон гуфт санаи ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо маблағгузории Қатар дар Душанбе бунёд шудааст, то ҳол маълум нест.
Ахиран масъулини ин Кумита эълон карда буданд, ки маросими ифтитоҳи масҷид қарор буд рӯзи 12-уми марти соли равон бо ҳузури амири Қатар баргузор мешуд.
“Ба далели паҳншавии бемории короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ҳамин тариқ ифтитоҳи Масҷиди нави ҷомеи марказии шаҳри Душанбе низ ба таъхир гузошта шуд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ афзуд ташрифи амири Қатар ба Тоҷикистон то ҳол маълум нест.
Ёдрас мешавем, ки масҷиди мазкур, мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, аммо бо сабаби наомадани амири Қатар мавқуф гузошта шуд.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Аз вакилон сироят шуд: вазири фарҳанги Фаронса мубталои коронавирус гардид
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.